Мунтахаби девон

Дар кори ман назар кун, бар ҳоли ман бубахшой,
То чанд бевафоӣ, то кай зи бадгумонӣ?
Эй ёри номувофиқ, ранҷест бениҳоят
В-эй бахти номусоид, корест осмонӣ!
Баном Эзад, ба чашми ман чунонӣ,
Ки некӯтар зи моҳи осмонӣ!
Агар чун дидаву дил будиам дӣ,
Биё, к-имрӯз чун ҷони ҷаҳонӣ!
Биё, дил васлат арзонам баромад
Чи мегӯям – ба сад ҷон ройгонӣ!
Агар бо ман наӣ, бе ту наям ман,
Аҷаб, ҳам дар миён, ҳам баркаронӣ!
Хаёлат ранҷа гардад гаҳ-гаҳ охир,
Ту низ ин моя гар хоҳӣ, тавонӣ.
Туро бар ман бадал бошад, ки ёрам,
Маро аз ту гузар набвад, ки ҷонӣ!
Ман аз ту рӯи баргаштан надонам,
Ту гар баргардӣ аз ман, он ту донӣ!
Эй ғояти айши инҷаҳонӣ,
Эй асли нишоту шодмонӣ,
Гар рӯҳ бувад, латиф рӯҳӣ
В-ар ҷон бошад азиз, ҷонӣ!
Гуфтӣ, ки чигунаӣ ту бе мо?
Дур аз ту, буто, чунон, ки донӣ!
Аз дарди ту сахт нотавонам,
Ранҷе баргир, агар тавонӣ!
Кардӣ-м ба пурсише қаноат,
З-ин беш ҳаме макун гаронӣ!
Гар дастрасе будӣ ба бӯсе,
Коре будӣ ҳазоргонӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо