Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-ар бар сарам набишта набудӣ қазои ту,
Шаҳре пур аз бутон, ба ту чун уфтодаме?

В-акнун чу уфтод дил андар балои ту,
Эй кош, соате ба ҷамоли ту шодаме!

Гар бе ту хост буд маро умр, кошкӣ
Ҳаргиз набудамею зи модар назодаме!


Як замон аз ғам наосоям ҳаме,
То ки ҳастам, бода паймоям ҳаме.

Мекунам тадбири гуногун, валек
Бастаи тақдир накшоям ҳаме.

Чанд бошам дар вафои дилбарон,
Чун даме з-эшон наосоям ҳаме.

Ҷону дилро дар ҳавои маҳвашон
Ҷуз ғаму темор н-афзоям ҳаме.

Меравам ҳар ҷою меҷӯям мурод,
Оқибат навмед боз оям ҳаме.


Бахте на бас мусоид, ёре чунон ки донӣ,
Бас роҳате надорам боре зи зиндагонӣ.

Эй бахти номусоид, боре ту худ чи чизӣ
В-эй ёри номувофиқ, охир, ту бо кӣ монӣ?

Ҷоне хароб кардам дар орзӯи рӯят,
Рӯзам сиёҳ кардӣ, дардо, ки менадонӣ…

Умре ба бод додам андар пайи висолат,
То худ чи гуна бошад аҳволи инҷаҳонӣ.


Огаҳ наӣ зи ҳолам, эй ҷону зиндагонӣ,
Дардо, ки дар фироқат мебигзарад ҷавонӣ.

Умре ҳамегузорам, рӯзе ҳамешуморам,
Рӯзе – чунонки ояд, умре – чунонки донӣ.

Ҳаргиз зи ман надидӣ як рӯз бевафоӣ,
Ҳаргиз зи ту надидам як рӯз меҳрубонӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ