Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ишқи ту гарданони гардунро
Гардан наниҳам ҳаме зи ҷабборӣ!

Гар сар ба фалак барам, раво бошад,
Чун сар ба касе чу ман фуруд орӣ!

Чун ошиқи зори ту шудам боре,
Аз ман маситон ба хира безорӣ.

Мафрӯш маро, чу кардам, эй дилбар,
Ғамҳои туро ба ҷон харидорӣ!

Нагзорамат, ар ба ҷон расад корам,
То бе сабабе маро ту нагзорӣ.

Гар баргардам, на Анварӣ бошам,
Аз ту ба дусад маломату хорӣ!


Гирифтам, сар ба паймон дарнаорӣ,
Сари ҷавру ҷафо боре чи дорӣ?

Чу ёрон гар ба пайғоме наарзам,
Ба дашноме чаро ёдам наорӣ?

Ба ғам боре диламро шод медор,
Агар одат надорӣ ғамгусорӣ.

Ман аз васлат фуқаъ то кай кушоям,
Чу ту номам ба ях барменигорӣ!

Шумор аз васли ту кай бартавон дошт,
Ту касро аз шуморе кай шуморӣ?

Туро гӯям, ки беҳ з-ин бояд ин кор,
Маро гӯӣ ту боре, дар чи корӣ?

Дили бемаънии ту кай гузорад,
Ки ин маъно ба гӯш-андар гузорӣ?!

Туро чӣ дар миён, ғам Анварирост,
Ту бемаъно, аз ин ғам барканорӣ!

Гарданон – гарданҳо; сарварон, бузургон, муқтадирон.
Фуқаъ – нӯшобаи махмуркунанда.

пешина
аз 328
навбатӣ