Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама узри ланг аст, к-аз ту бидидем,
Сари мо надорӣ, баҳона чи орӣ?

Ба инсоф, бишнав, чунин рост н-ояд,
Ки дил мерабоию ғам мегузорӣ.

Ғами дил чи гӯям, ту з-ин кор дурӣ,
Ба ҳарза чи кӯбӣ дари хостгорӣ?

Ҳамон беҳ, ки ин дарди сар боздорам,
Кунам бо ту дар боқӣ он дӯстдорӣ!


Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ,
К-он сангдил диламро хорӣ намуд, хорӣ.

Чун дӯстони якдил дил пеши ту ниҳодам,
Баста ба дӯстӣ дил, бинмуда дӯстдорӣ.

Гуфтам, ки дил ситонам, ногоҳ дил супурдам,
Бар тамъи дилситонӣ мондам ба дилсупорӣ.

Кай бошад ин бахилӣ бо вай ба додани дил?
Кай бошад аз лабонаш якбора созворӣ?

Гӯяд, ҳаме чи номӣ, ёре чу ман надорӣ,
Ёрест он, ки надҳад ҳаргиз ба бӯса ёрӣ!

Душман ҳаме зи душман як рӯз дод ёбад,
Ман з-ӯ ҳаменаёбам бӯсе ба сабру зорӣ!

Ҷуз сабру бурдборӣ рӯе ҳаменабинам,
Чун ошиқам, чи чора ҷуз сабру бурдборӣ?!


Алҳақ, на дурӯғ, муҳташам ёрӣ,
Нозат бикашам, ки ҷои он дорӣ.

Нози чу туе тавон кашид, эй ҷон,
Бо ин ҳама чобукию айёрӣ.

Бо рӯи ту дар тафаккурам, к-эзид
Аз раҳматат офарид, пиндорӣ.

Тамъ – тамаъ.

пешина
аз 328
навбатӣ