Мунтахаби девон

Гӯӣ: бе ман дили ту чун аст?
Чун аст – ба сад ҳазор зорӣ!
Рӯзе беғам туам бимонӣ,
Онро ба ғанимате шуморӣ.
Бо ман андаргирифтаӣ коре,
К-он ба умре кунад ситамкорӣ.
Ростӣ, зишт мекунӣ бо ман,
Рӯйнекӯ чунин кунад, оре.
Баъд аз ин ҳам бикуш, раво дорам,
Ҳеҷ мумкин шавад, ки якборе
Рӯзгорам гуле шукуфт аз ту,
Ки ба умре чунон ниҳад хоре?
Гӯямат: бӯсае, маро гӯӣ:
«Гуфтаанд ин ҳадис бисёре!»
Лекин ар ишва боядат, бидиҳам.
Набувад ёдкарди хирворе.
Бӯса дар кори ту кунам, чи шавад,
Гар барорӣ ба хандае коре?
Чун рухонам сиёҳ хоҳӣ кард,
Сари дандон сапед кун боре!
Ҷон ба даллоли васли ту додам,
Гуфтам: инро бувад харидоре!
Гуфтам, ар ройгонакаш надиҳӣ,
Бихарандаш ба тезбозоре!
Нагуфтӣ, к-аз ин пас кунам созгорӣ,
Биномэзад, алҳақ, накӯқавл ёрӣ!
Баҳона чи ҷӯӣ, карона чи гирӣ,
Биё, дар миён неҳ, ба ҳақ, ҳарчи дорӣ!
Ҳамегӯӣ, инсофи ту бидҳам, оре,
Ту маъруф бошӣ ба инсофкорӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо