Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як дам ба муроот дилам гарм надорӣ,
Як зарра маро ҳурмату озарм надорӣ.

Ман дӯст надорам, ки туро дӯст надорам,
Ту шарм надорӣ, ки зи ман шарм надорӣ.

Ин маркаби бедоди ту тавсан чу дили туст,
В-онро чу бари хеш чаро нарм надорӣ?


Надорам ҷуз ғами ту ғамгусоре,
На ҷуз темори ту темордоре.

Маро аз ту ғами ту ёдгор аст,
Аз ин беҳтар чи бошад ёдгоре?

Бад-он, то рӯзгорам хуш кунӣ ту,
Бар он уммед будам рӯзгоре.

Ҳама уммед дар васли ту бастам,
Ба сар шуд умру ҳам накшод коре.


Эй кори ғами ту ғамгусорӣ,
Андӯҳу ғами ту шодхорӣ.

Аз кибр нигоҳ кард рӯят
Дар чашмаи хур ба чашми хорӣ.

Аз тобиши рӯю тоби зулфат
Шаб равшан гашту рӯз торӣ.

Фақри ғами ту зи боғи дилҳо
Барканд ниҳоли комгорӣ.

Эй шарбати бӯсаи ту шофӣ
В-эй зарбати ғамзаи ту корӣ,

Дорӣ сари он, ки беш аз инам
Дар банди фироқи худ бидорӣ.

Шодхорӣ – шодмонӣ, хурсандӣ.
Шофӣ – кофӣ; шифобахш; барҷо.

пешина
аз 328
навбатӣ