Мунтахаби девон

Гар ниҳонию бевафо, чи аҷаб,
Ҷонию одати ҷаҳон дорӣ.
Аз ғамат рӯй бар замин дорам
В-аз ҷафо сар ба осмон дорӣ.
Чанд аз ин, гарчи барги ин дорам,
Чанд аз он, гарчи ҷои он дорӣ?
Чун гаронӣ ҳаме бихоҳӣ бурд,
Сар чи бар Анварӣ гарон дорӣ?
Моро ту ба ҳар сифат, ки дорӣ,
Дил гум накунад зи дӯстдорӣ.
Ҳар дам ба вафо яке ҳазорам,
Гарчи ба ҷафо яке ҳазорӣ.
Ҳеҷат ғами ҳеҷ кас надорад,
Фаррух ту, ки ҳеҷ ғам надорӣ!
Умр аз ту зиёну ишва суд аст,
Маъшуқа наӣ, ки рӯзгорӣ!
Пероҳани сабри ошиқонро
Шояд, ки зи ғам қабо надорӣ.
Гӯям, ки зи дурии ту ҳастам
Дур аз ту ба сад ҳазор зорӣ,
Гӯӣ, ки маро чи кор бо он,
Аҳсанту зиҳӣ, сапедкорӣ!
Дар пойи ғами ту хурд гаштам,
Ҳам саркашию бузургворӣ!
Дар сар дорӣ магар, ки ҳаргиз
Дасте ба сарам фурӯ наёрӣ?
Худ аз ту надорам, Анварӣ, чашм,
К-ин қисса ба гӯш даргузорӣ!
Ту гар дӯст дорӣ маро в-ар надорӣ,
Манам ҳамчунон бар сари дӯстдорӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо