Мунтахаби девон

Кӯж чу чанги ту, ҳамчу нолаи зер аст
Нолаи ман зор, ҳамчунон ки ту дидӣ.
Пурсию гӯӣ: «Чи гунаӣ ту?» Чи гӯям? –
Бедилу беёр, ҳамчунон ки ту дидӣ!
Бадхӯйтарӣ, магар хабар дорӣ,
К-имрӯз таровате дигар дорӣ?
Ё медонӣ, ки бо дилу чашмам
Пайванду ҷамоли бештар дорӣ?
Рӯзе, ки ба дасти ноз бархезӣ,
Донам, зи ниёзи ман хабар дорӣ.
Дар пардаи дил чу ҳам туӣ охир,
Аз рози дилам чӣ парда бардорӣ.
Гӯӣ, ки аз ин пасат вафодорам,
Гӯям, ба вафову аҳд, агар дорӣ.
Бар пой ҷаҳӣ, ки қисса кӯтаҳ кун,
Имшаб сари мову дарди сар дорӣ.
Эй ояти ҳусн ҷумла дар шаънат,
З-ин сурат ишва сад зи бар дорӣ.
Дашном диҳӣ, ки Анварӣ, ё Раб,
Чун табъи латифу шеъри тар дорӣ.
Чи-твон гуфтан, на аввалин доғ аст,
К-аз таъна маро ту дар ҷигар дорӣ!
Рӯи чун моҳи осмон дорӣ,
Қадди чун сарви бӯстон дорӣ.
Дил ту дорӣ, ғалат ҳамегӯям,
На, ба ҷону сарат, ки ҷон дорӣ.
Дар миёни дилию хоҳӣ буд,
Хешро чанд баркарон дорӣ?
Рози ман дар ғамат чу пайдо шуд,
Рӯй то кай зи ман ниҳон дорӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо