Мунтахаби девон

Кошкӣ бар дасткори чобуке
Бахти мо бо чашмат устод омадӣ.
Номи бедод аз ҷаҳон бархостӣ,
Гар зи зулфат гаҳ-гаҳе дод омадӣ.
В-ар ба ҷоне васли ту мумкин шудӣ,
Ошиқат пайваста дилшод омадӣ.
Ёд медор, к-он чи бинмудӣ,
Дар вафо бар хилофи он будӣ.
Ҳоли ман дида дар кашокаши ҳаҷр,
Васлро ҳеҷ рӯй нанмудӣ.
Ноз танҳо-т буд одату бас,
Хуш-хуш акнун ҷафо дарафзудӣ.
Бӯсае хостам, набахшидӣ,
Нолаҳо кардаму набахшудӣ.
Ваъдаҳое диҳӣ бад-он дерӣ,
Пас пушаймон шавӣ бад-ин зудӣ.
Ростӣ бояд, аз лабат хиҷилам,
Ки басе харҷҳо-ш фармудӣ.
Хидмати ман бад-ӯ расону бигӯ,
Чунӣ, аз дарди сар баросудӣ?
Анварӣ, ин чи шеваи ғазал аст,
Ки бад-он гӯйи нутқ бирбудӣ.
Доман аз чарх баркашид сухан,
То ту доман бад-ӯ биолудӣ.
Бедилам, эй ёр, ҳамчунон ки ту дидӣ,
Дида гуҳарбор, ҳамчунон ки ту дидӣ.
Дар кафи ишқи ту ҷони мумтаҳани ман
Ҳаст гирифтор, ҳамчунон ки ту дидӣ
В-аз гули рухсорат, эй нигори суманбар,
Баҳраи ман хор, ҳамчунон ки ту дидӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ