Мунтахаби девон

Бар кори ман ниҳӣ ба ҷафо пой ҳар замоне,
Корам зи даст рафт, бад-ин кор чун фитодӣ?
Дар хуну хок пеши ту мегардаму зи шӯхӣ
Дар чашмат об нест, надонам, ки бар чи бодӣ.
Шод он замон шавӣ, ки маро дар ғаме бубинӣ,
Ғам табъ шуд маро, чу ба ғам хурданам ту шодӣ.
Гӯӣ, аз ин пасат ба ҳама ранҷ ёр бошам,
На ранҷҳо-т мерасад, аҳсант, шод бодӣ!
Дар толеъам зи кас чу вафо нест, аз ту монад
Аз модари замона ба ҳар толеъе, ки зодӣ.
Ишқат ба кор бурдаму бурдам чунон-к бурдам,
Умре ба бод додиву додӣ, чунон-к додӣ.
Эй Анварӣ-т гашта фаромӯш, ёд бодат,
К-ӯро ҳанӯз дар ҳама андешаҳо ба ёдӣ!
Эй дӯст, ба коми душманам кардӣ,
Бурдӣ дилу з-он пасам ҷигар хӯрдӣ.
Чун даст зи ишқ бар сар овардам,
Аз даст шудию сар баровардӣ.
Он дӯстие чунон бад-он гармӣ,
Эй дӯст, чунин шавад бад-ин сардӣ?
Гуфтам, ки чу рӯзгор баргардад,
Ту низ чу рӯзгор баргардӣ.
Гуфтӣ, накунам чунин, маозаллаҳ,
Дидӣ, ки ба оқибат чунон кардӣ.
Дархурди ту нест Анварӣ, оре,
Лекин ба зарураташ ту дархӯрдӣ!
Гар туро рӯзе зи мо ёд омадӣ,
Дил куҷо аз ғам ба фарёд омадӣ?
Хирмани андӯҳ кай мондӣ баҷой,
Гар зи сӯи васли ту бод омадӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ