Мунтахаби девон

Чи ноз аст он, ки андар сар гирифтӣ,
Ба якбора дил аз мо баргирифтӣ.
Зи чӣ берун бинозӣ, даргирифтам,
Бурун з-андоза нозе баргирифтӣ.
Туро гуфтам, ки бо ман оштӣ кун,
Раҳо карда, раҳе дигар гирифтӣ.
Дареғ, он дӯстӣ бо ман, ба як бор
Шудӣ дар ҷангу хашм аз сар гирифтӣ.
Ниҳодӣ бар шакар мошураи сим,
Пас он гаҳ лаъл дар шаккар гирифтӣ.
Маро дар пойи ғам куштию рафтӣ,
Ҳавои дигаре дар бар гирифтӣ.
Эй дил, ту маро ба бод додӣ,
Азбаски намудӣ устодӣ.
Аз дасти ту дар бало фитодам,
Охир, ту куҷо ба ман фитодӣ!
Чанд аз ту маро накӯҳиш, охир,
К-ам доғ ба доғ барниҳодӣ.
Озарм зи пеш баргирифтӣ,
Хуноба зи чашми ман кушодӣ.
Худрову маро ба ғам фикандӣ,
Нодида ҳанӯз ҳеҷ шодӣ.
Ғамхор шудаст ҷонам, эй дил,
Аз хӯрдани ғам ту шод бодӣ!
Дидӣ, ки пой аз хати фармон бурун ниҳодӣ,
Дидӣ, ки дасти ҷавру ҷафо боз баркушодӣ.
Бурдам зи пойбозии ту дастбурд умре,
Бозам ба дастбозӣ ту даст барниҳодӣ.
Мошура – найчаи даруни моку барои печонидани нах.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ