Мунтахаби девон

Аз ҷони ман, эй азиз чун ҷон,
Кӯтоҳ кун ин дароздастӣ!
Ё бад-он рух назаре боястӣ,
Ё аз он лаб шакаре боястӣ.
Ё маро дар ғаму андешаи ӯ
Чун дили ӯ дигаре боястӣ.
Нест аз дил хабарам дар ғами ӯ,
Аз дили ӯ хабаре боястӣ.
Муддате тухми вафо кошта шуд,
Ба ҷуз уммед баре боястӣ.
Охир ин тирашаби айши маро
Солҳо шуд, саҳаре боястӣ.
Ё раб, ин «ё раб»-и бефоида чист,
Охир инро асаре боястӣ.
Риштаи суҳбати моро пас аз ин
Беҳ аз ин пову саре боястӣ.
Ҳама бигзоштам охир, ба дилаш
Анвариро гузаре боястӣ!
Эй дербадастомада, бас зуд бирафтӣ,
Оташ задӣ андар ману чун дуд бирафтӣ.
Чун орзуи тангдилон дер расидӣ,
Чун дӯстии сангдилон зуд бирафтӣ.
З-он пеш, ки дар боғи висоли ту дили ман
Аз доғи фироқи ту баросуд, бирафтӣ.
Ногашта ман аз банди ту озод, биҷастӣ,
Нокарда маро васли ту хушнуд, бирафтӣ.
Оҳанг ба ҷони мани дилсӯхта кардӣ,
Чун дар дили ман ишқ биафзуд, бирафтӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ