Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гар маро рӯзгор ёр астӣ,
Кор бо ёри чун нигор астӣ.

Барнагаштӣ чу рӯзгор аз ман,
Гар на бо рӯзгор ёр астӣ.

Бар канорам зи ёр агар на, маро
Ҳама мақсуд дар канор астӣ.

Нест дар бӯстони васл гуле,
Ин чи жож аст, кош хор астӣ.

Ҳаҷр бар ҳаҷр мешумораму ҳеҷ,
Бори як васл дар шумор астӣ.

Беш аз ин рӯи интизорам нест,
Кошкӣ рӯи интизор астӣ.

Рӯзгор аст мояи ҳама кор,
Эй дареғо, ки рӯзгор астӣ.

Бор каш, Анварӣ, ҳадис макун,
Ки агар бар харе-т бор астӣ,

Дар ҳама номҳо-т ном астӣ,
Дар ҳама корҳо-т кор астӣ!


Ҳамчун сари зулфи ту шикастӣ,
Он аҳд, ки бо раҳӣ бибастӣ.

Бадаҳд нахонамат, нигоро,
Ҳарчанд ки аҳди ман шикастӣ.

Кас сирату хӯи ту надонад,
Ман донаму дил, чунон ки ҳастӣ.

Аз шохи вафо гулам надодӣ
В-аз хори ҷафо дилам бихастӣ.

Аз ҳаҷри ту дар хуморам имрӯз,
Ноёфтае зи васл ҳастӣ.

Бо ин ҳама майли ман суи ту
Чун рафтани сел сӯи пастӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ