Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як бирешим кам кун аз оҳанги ҷавр,
Гар на бо айём дар як пардаӣ.

Дил ҳамедуздию мункир мешавӣ,
Бозии некӯ ба кӯ овардаӣ.

Бо чунин даст андар ин бозӣ магар
Солҳо ин навъ мепарвардаӣ?

Анварӣ, дам даркашу таслим кун,
К-ин ситам бар хештан худ кардаӣ!


Зардрӯям зи чархи дандонхой,
Тирароям зи умри меҳнатзой.

На умеде, ки сурх дорам рӯй,
На навиде, ки тоза дорам рой.

Бо кӣ гӯям, ки ҳаққи ман бишнос
Бо кӣ гӯям, ки банди ман бикшой?

Аз қиёсе, ки такягоҳи ман аст,
Бозҷустам замонаро сару пой.

Равшанам шуд, ки дар басити замин
Некаҳдӣ наёфарид Худой!


Ҷоно, ба камоли суратеӣ.
Дар ҳусну ҷамол оятеӣ.

Васфи рухи ту чӣ гуна гӯям,
Медон, ки ба рух қиёматеӣ.

Бо васли ту мулки Ҷам нахоҳам,
Зеро, ки ту беҳ зи мулкатеӣ.

Инсоф агар диҳем, ҷоно,
Ороста хуб суратеӣ.

Гуфтӣ, ки туроам, Анварӣ, бош,
Лекин чи кунам, ки соатеӣ!

пешина
аз 328
навбатӣ