Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гарчи ҳаст, эй париваши маҳрӯ,
Бутгариро рухат маоб шуда,

Ҳаст бар оташи ғами ҳаҷрат
Ҷигари Анварӣ кабоб шуда.


Ҳаргиз аз дил хабар надоштаӣ,
Бар дилам ранҷ аз он гумоштаӣ.

Сипар афканда осмон, то ту
Ройати ҷавр барфароштаӣ.

Кӣ хӯрад бар зи ту, ки ту ҳаргиз
Тухми пайванди кас надоштаӣ.

Ҳамраҳӣ ҷустаӣ зи ман в-он гаҳ
Дар миёни раҳам гузоштаӣ!


То дили ман бурдаӣ, қасди ҷафо кардаӣ,
Не бари ман будаӣ, не ғами ман хӯрдаӣ.

Ҳаст ба наздики халқ ҷурми ману ту падид:
Ман рухи ту дидаам, ту дили ман бурдаӣ.

Эй зи мани дилшуда бе гунаҳе сар матоб,
Ё хабаре боздеҳ, гар зи ман озурдаӣ.

Дил бибарӣ в-он гаҳе бозкашӣ дил зи ман,
Ман на дар ин пардаам, гар ту дар ин пардаӣ.

Чун ба ту дорам умед, рӯй магардон зи ман,
З-он ки маро пеш аз ин чун на, чунин кардаӣ!


Саҳл мегирам, чу бо мо кардаӣ,
Гарчи мегирам, ки амдо кардаӣ.

Ман худ аз савдои ту саргаштаам,
Ҳар замон бо ман чи сафро кардаӣ?

Киштии сабрам шикаста аз ғамат,
Чашмам аз хуноба дарё кардаӣ.

Сипар афкандан – таслим шудан.

пешина
аз 328
навбатӣ