Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй ранҷи фироқи рӯю мӯи ту
Ҷону дили ман зи ман ҷудо карда

В-он гаҳ мани мустаманди бедилро
Дар меҳнати ошиқӣ раҳо карда.


Эй Эзид аз латофати маҳзат биофарида
В-андар канори раҳмату лутфат бипарварида.

Лаълат ба ханда тавбаи каррубиён шикаста,
Ҷазъат ба ғамза пардаи рӯҳониён дарида.

Бар гулбуни амал чу ту як шох ношукуфта,
Дар бешаи азал чу ту як мурғ нопарида.

Машшотагони олами улвӣ зи рашки хаттат
Ҳурони хулдро ба ҳавас нил баркашида.

Эй сояи камоли ту бар шаш ҷаҳон фитода
В-овозаи ҷалоли ту дар нуҳ фалак шунида.

Эй аз хаёли рӯи ту андар хаёли ҳар кас,
Моҳе дигар баромада, субҳе дигар дамида.

Дар орзӯи сояи қадди ту ҳар саҳаргоҳ
Фарёди хоки кӯи ту бар осмон расида.

Моро ба ройгон бихар аз мову доғ барнеҳ,
Эй дарди доғи ишқи туро мо ба ҷон харида!


Эй рухат рашки офтоб шуда,
Офтоб аз рухат батоб шуда.

Офтобест он ду орази ту,
Зулфи ту пеши ӯ ниқоб шуда.

Зуд бинам, зи тири ғамзаи ту
Оламе сар ба сар хароб шуда.

Машшота – ородиҳанда.
Улвӣ – баланд, боло.
Хулд – биҳишт.

пешина
аз 328
навбатӣ