Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ишқ бар ман сар нахоҳад омадан,
Пой аз ин гил барнахоҳад омадан.

Гарчи дар ҳар ғам дилам сурат кунад,
К-аз пайаш дигар нахоҳад омадан,

Ман ҳамедонам, ки то ҷон дар тан аст,
Бар дил ин ғам сар нахоҳад омадан!

Умр берун шуд ба дарди интизор,
Васлаш аз дар дарнахоҳад омадан.

Чун ба ҳусн аз моҳ беш омад, ба ҷавр,
З-осмон камтар нахоҳад омадан.

Гӯямаш: ҳоли ман аз ишқат бипурс,
К-аз манат бовар нахоҳад омадан.

Гӯядам: ҷоне кам ангор, Анварӣ,
Бе ту тӯфон барнахоҳад омадан!


Ошиқӣ чист, мубтало будан,
Бо ғаму меҳнат ошно будан;

Сипари ханҷари бало гаштан,
Ҳадафи новаки қазо будан;

Банди маъшуқ чун бибастат пой,
Аз ҳама бандҳо ҷудо будан;

Зери бори балои ӯ ҳама умр
Чун сари зулфи ӯ дуто будан;

Офтоби рухаш чу рух бинмуд,
Пеши ӯ зарраи ҳаво будан;

Ба ҳама меҳнате ризо будан
В-аз ҳама давлате ҷудо будан;

Гар лагадкӯби сад ҷафо бошӣ,
Ҳамчунон бар сари вафо будан;

Сурат кардан – тасвир, тасаввур кардан.

пешина
аз 328
навбатӣ