Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ишқ агар устухонат ос кунад,
Санги зерини осиё будан!


Ҳам маслиҳат набинӣ рӯе ба мо намудан,
З-оинаи дили мо зангори ғам зудудан.

З-он ҷо, ки рӯи кор аст хуршеди осмонро,
Бо рӯи ту чи рӯй аст ҷуз бандагӣ намудан.

Бар чист ин такаббур в-инро ҳаме чи хонанд,
Охир, дилат нагирад з-ин хештан сутудан?

Дар давлати ту, охир, моро шабе бибояд –
Зулфи кажат бисудан, қавли хушат шунудан!..

Гуфтӣ, ки хуну ҷонат моро мубоҳ бошад,
Фармон турост, оре, натвон бар ин фузудан.


Оташ, эй дилбар, маро бар ҷон мазан!
Дар дили мискини ман дандон мазан!

Шарту паймон кардаӣ дар дӯстӣ,
Дӯстӣ кун, шарт бар паймон мазан!

Ҳаҷру васлат дарду дармони ман аст,
Мардумӣ кун, васл бар ҳиҷрон мазан!

Дидаи бахти маро гирён макун,
Гардани бахти маро хандон мазан!

Чашмро гӯ, дар рухам ханҷар макаш,
Зулфро гӯ, бар дилам чавгон мазан!

Пардаи ёқут бар Парвин мабанд,
Хаймаи санҷоб бар сандон мазан!

Ҷону дил чун ҳарду ҳамроҳи туанд,
Гар мусулмонӣ, раҳи эшон мазан!


Ба умре охирам рӯзе вафо кун!
Ба бӯсе ҳоҷатам рӯзе раво кун!

пешина
аз 328
навбатӣ