Мунтахаби девон

Бе ёди рӯи хуби ту ар як нафас занам,
Маҳсуб нест он нафас аз зиндагониам.
Дарди ниҳониест маро аз фироқи ту,
Эй шодии ту офати дарди ниҳониам!
Дил бидодему ҷон намехоҳем,
Хилвате ҷуз ниҳон намехоҳем.
Аз ниҳоне, ки ҳаст хилвати мо,
Пои дил дар миён намехоҳем.
Хидмати ту маро зи ҷон беш аст,
Шояд ар, з-он ки ҷон намехоҳем.
Ҳастии ҷону дил хусумати мост,
Ҳастии ҳардувон намехоҳем.
Бо ту бӯи вуҷуди ҷон на хуш аст,
Луқма бар устухон намехоҳем.
Ману маъшуқаву бар ин мафзой,
Заҳмати дигарон намехоҳем!..
Эй бандаи рӯи ту худовандон,
Девонаи зулфи ту хирадмандон.
Бозори ҷамоли рӯи хубатро
Ороста раста-раста дилбандон.
Дар ҳар паси дар муҷовире дорӣ
Гирёну дар интизор дилхандон.
Чандин чи кунӣ ба ваъда дар бандам,
Айём вафо намекунад чандон…
Аз хӯи бадат шикояте дорам,
К-он нест нишони некпайвандон.
Ҳаҷрат ба ҷавоби он падид омад,
Гуфт ин-т ғам, Анварӣ – сару сандон!
Муҷовир – ҳамсоя; сокини ибодатгоҳ.
Сандон – асбобе, ки оҳани сӯзонро рӯи он гузошта, ба олате табдил медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё