Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар кори ту ҷонро ба ҷафо нест гирифтем,
Дар роҳи ту рухро ба вафо рост ниҳодем.

Дар орзуи рӯи ту аз аз даст бирафтем
В-андар талаби васли ту аз пой фитодем.

Чун фитнаи дидори ту гаштем ба ноком,
Дар бандагии рӯи ту иқрор бидодем.

То бастаи банди аҷали хеш нагардем,
Аз банди ғами ишқи ту озод мабодем!

Не, не, ба аҷал ҳам нараҳем аз ғами ишқат,
Бо ишқи ту мирем, ки бо ишқи ту зодем!


Охир ба муроди дил расидем,
Худрову туро ба ҳам бидидем.

Аз зулфи ту тобҳо кушодем
В-аз лаъли ту шурбҳочашидем.

Бе он ки фироқ ҳамнафас буд,
Бо ту нафасе биорамидем.

Бар дасти ту тавбаҳо шикастам,
Бар тан зи ту ҷомаҳо даридем.

Нози ту ба табъи дил бибурдем,
Рози ту ба гӯши ҷон шунидем.

Бо мо ба забони расму одат
Зарқе, ки фурӯхтӣ, харидем.

Сар бар хати аҳди ту ниҳодем,
Хат гирди замона даркашидем.


Эй рӯи хуби ту сабаби зиндагониам.
Якрӯза васли ту тараби ҷовидониам.

Ҷуз бо ҷамоли ту набувад шодмониам,
Ҷуз бо висоли ту набувад комрониам.

Шурб – ширинӣ, нӯшиданӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ