Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба хароботу майу мастаба имон орам
В-аз муноҷоти шабу савмаа безор шавам.

Чунки шоистаи саҷҷодаву тасбеҳ наям,
Бошад, эй дӯст, ки шоистаи зуннор шавам!

Кор май дораду маъшуқу хароботу қимор,
Кай бувад, кай, ки дигар бар сари ин кор шавам!

Хӯрд бар айши хушам тавба фаровон зинҳор,
Ба бари май ҳаме аз тавба ба зинҳор шавам.

Ту агар муътакифи тавба ҳамебошӣ, бош,
Ман ҳаме муътакифи хонаи хаммор шавам.

Рав, туву «қомат»-и муъзин, ки маро з-ин мастӣ
То қиёмат сари он нест, ки ҳушёр шавам!


Рӯз ду аз ишқ пушаймон шавам,
Тавба кунам, боз ба сомон шавам.

Боз ба як васвасаи деви ишқ
Бори дигар бо сари девон шавам.

Баски зи ишқи ту агар ман манам,
Габр шавам бозу мусулмон шавам.

Булъаҷабӣ, ҷони ман, аз сар бинеҳ,
К-он чи кунӣ, ман ба сари он шавам.

Дӯст туӣ, кош бидонистаме,
К-аз ту ба пеши кӣ ба афғон шавам.

Ман ту нагаштам, ки ба ҳар хурдае,
Гаҳ ба фулон, гоҳ ба баҳмон шавам.

Аз буни дандон бикашам ҷаври ту,
Бӯ, ки туро бар сари дандон шавам!


То рахти дил андар сари зулфи ту ниҳодем,
Бар рух зи ғами ишқи ту хуноба кушодем.

Муноҷот – дуо, ниёиш.
Муътакиф – гӯшанишин.
Муъзин – муаззин, азонгӯ.

пешина
аз 328
навбатӣ