Мунтахаби девон

Шарм бод аз кори хешам, то чаро
Бе ту чандин зиндагонӣ мекунам?!
Ту наву ман дар ҷаҳони зиндагон
Ростӣ бояд, гаронӣ мекунам.
Сабр, гӯям, мекунам, лекин чи сабр,
Ҳилате, чун он ки донӣ, мекунам.
Аз ғамам шодию то бишнидаам,
Аз ғами худ шодмонӣ мекунам…
Ҳар ғам, ки зи ишқи ёр мебинам,
Аз гардиши рӯзгор мебинам.
Бедоди фалак, аз он, ки дӣ будаст,
Имрӯз яке ҳазор мебинам.
То шохи замона кай гуле зояд,
Акнун ҳама захми хор мебинам.
Дар банди даме, ки беғаме бошам.
Бингар, ки чи интизор мебинам.
Дар ҳар дили дӯсте, баномэзад,
Сад душманӣ ошкор мебинам.
Он мебинам, ки кас намебинад,
Оре, на ба ихтиёр мебинам.
Бо дасти замона дар ҷаҳон, ҳаққо,
Гар пои кас устувор мебинам.
Гардун на шумор бо яке дорад,
Номи ҳама дар шумор мебинам.
Бо даҳр масоз, Анварӣ, коре,
К-ин кор на пойдор мебинам.
Сари он дорам, к-имрӯз бари ёр шавам,
Бари он дилбари дурдикаши айёр шавам.
Дурдикаш – боданӯш, бодафурӯш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё