Мунтахаби девон

Боз чун дархурди ҳиммат мекунам,
Сар фидои теғи туҳмат мекунам.
Қимати як бӯси ӯ сад бадра зар
Гар кунам, бо ӯ хусумат мекунам!
Ман даҳон хуш мекунам, лекин куҷост,
Ваҳ, ки як ҷав з-ончи қимат мекунам!
Дӯшам он дилбар гирифт андар канор
Як замон, яъне, ки раҳмат мекунам.
Бар сари он нуктае дарёфтам,
Гарчи донистам, ки заҳмат мекунам,
Чашм кардам шӯху гуфтам: «Эй нигор,
Бар сари по низ хидмат мекунам!»
То напиндорӣ, ки дастон мекунам,
Ин, ки аз дасти ту афғон мекунам.
Корам аз ҳиҷрон ба ҷон овардаӣ,
Ҷон хуш аст, ин нохушӣ з-он мекунам!
Дӯстӣ, гӯӣ, на аз дил мекунӣ,
Рост мегӯӣ, ки аз ҷон мекунам!..
Бе лабу дандони ширини ту сабр
Аз буни сиюду дандон мекунам.
Бар ман аз хуршед ҳам пайдотар аст,
К-он ба гил хуршед пинҳон мекунам.
Доман аз ман дармакаш, то ҳар дамат
Ришвате нав дар гиребон мекунам.
Зар надорам, лекин аз дарёи табъ
Ҳар замонат гавҳар афшон мекунам!
Аҳл шав дар ишқ, то чун Анварӣ
Ҷилваи аҳли Хуросон мекунам.
Бе ту, ҷоно, зиндагонӣ мекунам
В-аз ту ин маънӣ ниҳонӣ мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё