Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То шуд дилам овехта дар ҳалқаи зулфайни ту,
Сар аз ҳавои дилбарон чун ҳалқа бар дар мезанам.

Дил бурду доман даркашид аз пойбанди васли ту,
Ҳар шаб ду даст аз ҳаҷри ғам то рӯз бар сар мезанам.


Биё, эй роҳати ҷонам, ки ҷонро бар ту афшонам,
Замоне бо ту биншинам, зи дил ин ҷӯш биншонам.

Зи ҳоли дил, ки маълум аст, ҳам ин буду ҳам он шуд,
Бигӯям шаммае бо ту, туро маълум гардонам.

Ба дандон музди ҷон хоҳӣ, ки оӣ як замон бо ман,
Гувоҳ орӣ, раво бошад, ҳарифи оби дандонам.

Маро гӯӣ: чи дорӣ ту, ки пеши ман кашӣ онро?
Чи дорам, ҳар чи дорам ман, нашояд он туро, донам.

Яке дарёи хун донам, ки онро дида мегӯям,
Яке водии ғам донам, ки онро дил ҳамехонам.


Ман кӣ бошам, ки таманнои висоли ту кунам?
Ё киям, то ки ҳадиси лабу холи ту кунам?

Кас ба даргоҳи хаёли ту намеёбад роҳ,
Ман чи беҳуда таманнои висоли ту кунам?

Гилаи ишқи ту дар пеши ту натвонам кард,
Сокитам, то ки шабе пеши хаёли ту кунам.

Аз сари мардумие гар ту кулоҳе ниҳиям,
Мардуми чашму сарам тарфи даволи ту кунам.

В-ар ба чашми ту дарояд суханам, то бизиям,
Дар ғазалҳо сифати чашми ғизоли ту кунам.

Шеъри ман сеҳр шуду шуд ба камол аз пайи он,
Ки ҳаме васли ҷамоли бакамоли ту кунам.

Чашми ту сеҳри ҳалол асту ҳаром аст маро
Шоирӣ, ҳар чи на бар сеҳри ҳилоли ту кунам!

Тарф – тараф; ба маънои нигоҳ.
Давол – карашма, найранг, бозӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ