Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ки андеша кунам, то ғарази ту
Аз куштани ман чист, ҳаме ҳеҷ надонам!


Ту донӣ, ки ман ҷуз ту касро надонам,
Туӣ ёри пайдову ёри ниҳонам.

Маро ҷои сабр асту донам, ки донӣ,
Туро ҷои шукр асту донӣ, ки донам.

Бар онӣ, ки хунам ба хорӣ бирезӣ,
Барои ризои ту ман бар ҳамонам.

Маро гӯӣ: аз ман ба ҷуз ғам набинӣ,
Ҳамин аст, агар рост хоҳӣ, гумонам.

Гар аз васли ту шод гардам вагарна,
Ба ҳар сон, ки бошад, зи ғам дарнамонам.

Миёни ману ту ҳам андар ҳам ояд,
Чу дар ҷустуҷӯи ту ҷон бар миёнам.

Аҷаб нест, к-аз Анварӣ баркаронӣ,
Маро бин, ки ӯям в-аз ӯ баркаронам!


Туро ман дӯст медорам, надонам, чист дармонам,
На рӯи ҳаҷр мебинам, на роҳи васл медонам.

Напурсӣ ҳаргиз аҳволам, насозӣ чораи корам,
Набигзорӣ, ки бо ҳар кас бигӯям рози пинҳонам.

Дилам бурдию он гоҳе ба пандам сабр фармоӣ,
Макун таклифи новоҷиб, ки бе дил сабр натвонам.

Агар бо ман нахоҳӣ сохт, ҷонам ҳамчу дил бистон,
Ки бе васли ту андар дил вуболи дил бувад ҷонам.


Аз ишқат, эй ширинсанам, гарчи ба сар бармезанам,
На ёри дигар мекунам, на ройи дигар мезанам.

Ту шоҳи хубониву ман то рӯз бар рухсори худ
Ҳар шаб ба доруззарби ғам бар номи ту зар мезанам.

Доруззарб – ҷои сикказанӣ, зарробхона.

пешина
аз 328
навбатӣ