Мунтахаби девон

Эй орзӯи ҷонам, дар орзӯи онам,
К-аз ҳаҷр як шикоят дар гӯши васл хонам.
Донӣ, чи гуна бошам, дар меҳнате чунинам,
З-он пас, ки дида бошӣ дар давлате чунонам.
Бо дил ба дард гуфтам, к-охир маро нагӯӣ,
К-он хушдилӣ куҷо шуд, дил гуфт: менадонам!
Оре, гарат биёбам, рӯзе ба ком ёбам.
Варна чунонки бошад, з-ин рӯз дарнамонам.
Гаҳ-гаҳ ба оби дида хурсанд кардаме дил,
Кор ончунон шуд акнун, он ҳам наметавонам!
Ман ин ҳама надонам, донам, ки мебарояд
Ҷонам зи орзӯят, эй орзӯи ҷонам!
Эй дӯсттар аз ҷонам, з-ин беш маранҷонам,
Магзар зи вафодорӣ, магзор бар ин сонам.
Ҷон буду диле моро, дил дар сари корат шуд,
Ҷон монда, чи фармоӣ, дар пои ту афшонам!
Ман бо ту ҷафо накнам, ту одати ман донӣ,
Бо ман ту вафо накнӣ, ман толеъи худ донам!
Бо дилшудаи мискин чандин чи кунӣ хорӣ,
Эй кофири сангиндил, охир, на мусулмонам!
Бишкаст ғамат пуштам, бо ин ҳама азм он аст,
То ҷон бувадам дар тан, рӯй аз ту нагардонам!
Ҷоно, зи ғами ишқи ту имрӯз чунонам,
К-андар хами зулфи ту тавон кард ниҳонам!
Бар чеҳра аён гашт ба як бор замирам
В-аз дида ниҳон кард ба як бор нишонам!
З-ин беш намон дар ғами хешам, ки аз ин пас
Донӣ, ки агар бе ту бимонам, бинамонам.
Аз дасти фироқат агарам даст нагирӣ,
Зудо, ки фироқи ту барад даст ба ҷонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё