Мунтахаби девон

Манам гоҳу бегоҳ дар дахлу харҷе,
Ғаме меситонам, даме месупорам!
Ғамат бо дилам гуфт, к-аз ишқ чунӣ,
Нафас барнаовард, яъне, ки зорам!
Чи гӯӣ, ғами ту бад-он сар дарорад,
Ки дар сояи давлаташ сар барорам!
Фироқо, ба рӯзи худат ҳам набинам,
Агар ҳеҷ боқист бар рӯзгорам!
Умр бе ту ба сар чи гуна барам,
Ки ҳама бе ту рӯзу шаб шумарам.
Хунҳо аз ду дида полудам,
Рахна-рахна шуд аз ғамат ҷигарам.
Ту зи шодиву хуррамӣ бар хур,
Ки ман аз ту ба ҷуз ҷигар нахурам.
Магар ин буд бахшишам зи фалак,
Ки зи дасти ғами ту ҷон набарам.
Чанд бартофтам зи кӯйи ту рӯй,
Бо қазо барнаомад он ҳазарам.
Корам ба ҷон расиду ба ҷонон намерасам,
Дардам зи ҳад гузашту ба дармон намерасам.
Имону куфр нест маро дар ғамаш, ки ман
Дар кори ӯ ба куфру ба имон намерасам.
Роҳест бекарона ғами ишқашу маро
Чун пои сабр нест, ба поён намерасам.
Ёрест бас азиз, ба мо з-он намерасад,
Сабрест бас шигарф, бад-ӯ з-он намерасам.
Гӯяд, ба мо зи ҳурмати мо кам ҳамерасӣ,
Ҳурмат баҳонаест, зи ҳирмон намерасам!
Султони ишқи ӯ чу диламро асир кард,
Маъзурам, ар ба хидмати султон намерасам!
Ҳирмон – бебахтӣ, бенасибӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё