Мунтахаби девон

Дил рафту ин батар бари дилбар намерасам,
Кон меканам, валек ба гавҳар намерасам.
Дарвешҳол кард ғами ишқи ӯ маро,
З-он дар висоли ёри тавонгар намерасам.
Боғи висолро ба ҳама ҳолҳо дар аст,
Гумраҳ шудам зи ҳаҷр, бад-он дар намерасам.
Дорад висоли ёр яке пояи баланд,
Оре, маро чи ҷурм бувад, барнамерасам.
Ҳиҷрони ёр ҳаст маро, гар висол нест,
Бо ӯ бисохтам, чу ба дигар намерасам!
Пойбарҷой нест ҳамнафасам,
Чи кунам, ӯст дастгиру касам.
Дар пайи гарди корвони ғамаш
Аз расулони нолаи ҷарасам.
Бар сари кӯи ӯ шабе гузарам,
Ки ҳимоят кунад сагу асасам.
Маҳрами пистаи лабат нашудам,
То нагуфтам туфайлию магасам.
Гуфтамаш: дил висол металабад,
Ростӣ, ман ҳам андар ин ҳавасам!
Гуфт: бо дил бигӯ, ки ҳолӣ нест
Моҳазар ҷуз ба ҳаҷр дастрасам.
Дил маро гуфт ҳам беҳ аз ҳеҷат
Ройгон ҳаҷр ёфтам, на басам?
Гӯядам Анварӣ, дар ин пайванд
Пой дар пешу пой бозпасам.
Гӯям, инак, аз ин-т мегӯям,
Пойбарҷой нест ҳамнафасам!
Асас – миршаб.
Моҳазар – нақд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё