Мунтахаби девон

Туро боре ба ҳар ғам ғамхуре ҳаст,
Ғами ман хур, ки ғамхоре надорам!
Ба сони Анварӣ дар гулситонам,
Чи бадбахтам, ки худ хоре надорам!
Гар азизам баро-т, гар хорам,
Чи кунам, дӯстат ҳамедорам!
Бар дилам гӯ ғамат ҷаҳон бифрӯш,
Бо чунин сад ғамат харидорам.
Соя бар кори ман намефиканӣ,
Инчунин нур кай диҳад корам?
Ҳеҷ гул ношукуфта аз васлат,
Ҳаҷр то кай ниҳад ба ҷон хорам!
Гӯямат, ҷони ман биозорӣ
В-ар ту ҷонам барӣ, наозорам!
Хештанро бад-ин маёр, чу ман
Хештанро бад-он намеорам.
Гӯӣ, ар ҷуз Худой дораму ту,
Анварӣ, аз Худой безорам!
Ҳам ту донӣ, ки ин чи дастон аст,
Рав, ки ширин ҳамекунӣ корам!
Биё, то бубинӣ, ки ман бар чи корам,
Наёӣ, маё, барги ин ҳам надорам!
Ба ҷоне, ки бе ту маро мебарояд,
Чи бояд ҷаҳоне, ба ҳам барнаорам.
Диле дорам, он ҷо на бепоймардам,
Ғаме дорам, он ҷо на бедастёрам!
Маро гӯӣ: аз ишқи ман бар чӣ корӣ?
Агар кор ин аст, бар ҳеҷ корам!
Бепоймард – беповуқадам, бехосият.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё