Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дил барнадорам аз ту в-аз дил сухан нагӯям,
З-он дил сухан чи гӯям, к-аз вай хабар надорам.

Дорам ғами ту доим бо ҷону дил баробар,
Зеро ки ҷуз ғами ту чизе дигар надорам.

Гӯӣ, ки сабр бигзин, то коми дил биёбӣ,
Сабр аз чунон ҷамоле нашгифт, агар надорам.

Сабрам чи гуна бошад аз ишқи моҳрӯе,
К-андар замона касро з-ӯ дӯсттар надорам!


Агар нақши рухат бар ҷон надорам,
Ба зулфи кофират, имон надорам!

Зи ту як дардро дармон мабодам,
Агар сад дарди бедармон надорам.

Зи ишқат розҳо дорам, валекин
Зи бесабрӣ яке пинҳон надорам.

Сабуриро магар маъзур дорӣ,
Диле мебояду ман он надорам.

Маро гӯӣ: зи пайвандам чи дорӣ?
Чи дорам, ҷуз ғами ҳиҷрон надорам!

Гар аз ту бӯсае хоҳам ба ҷоне,
Ту гӯӣ: бӯсае арзон надорам!

Лабат дандонам аз ҷо баркашидаст,
Чу гӯӣ: бо лабат дандон надорам!


Нигоро, ҷуз ту дилдоре надорам,
Ба ҷуз ту дар ҷаҳон ёре надорам.

Ба ҷуз бозори васвоси ту дар дил,
Ба ҷони ту, ки бозоре надорам!

Агарчи хотирам озурдаи туст,
Зи ту дар хотир озоре надорам.

Зи кирдори ту чун н-озорам, эй дӯст,
Ки дар ҳаққи ту кирдоре надорам!

пешина
аз 328
навбатӣ