Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гӯӣ, аз дасти ҳаҷр ҷон набарӣ,
Ғофилам, гар на ин гумон дорам!

Бар сарам ҳаҷр ишқ бинвиштаст,
Як ба як бар сари забон дорам!

Аз асарҳои толеъи ишқат
Чун қазоҳои осмон дорам.

Беш пой аз қафои ҳаҷр манеҳ,
Мани бечора низ ҷон дорам!

Ҷонам андар баҳои васл бихар,
Гарчи бар ҳаҷр дил зиён дорам.

Гӯӣ, аз ҷон касе ҳадис кунад,
Чи кунам, дар киёӣ он дорам.

Бар ту аҳволи Анварӣ пайдост,
Бо такаллуф чаро ниҳон дорам?!


Дорӣ хабар, ки дар ғамат аз худ хабар надорам
В-аз ту ба ҷуз ғами ту насибе дигар надорам.

Ҳастам ба хоки пою ба ҷону сарат ба ҳоле,
К-имрӯз дар ғами ту сари пойу сар надорам.

Манмой дарди ҳаҷр аз ин бештар, ки донӣ
Аз ҳад гузашту тоқат аз ин бештар надорам.

Дардо, ки бар умеди висоли ту дар фироқат
Аз ман асар намонду зи васлат асар надорам.

Эй ҷону дил бибурдаву дар парда хуш нишаста,
Ҳон, то зи рӯи рози ниҳон парда барнадорам.

Ашки чу сим дораму рӯи чу зар аз ин ғам,
К-андархури ҷамолу рухат симу зар надорам.

Дорам зи ғам ҳазор ҷигар хуну Анвариро
Шаб нест, то ба хуни ҷигар дида тар надорам.


Ёрам туӣ, ба олам ёри дигар надорам,
То дар танам бувад ҷон, дил аз ту барнадорам.

Киё – соҳиб; султон; диловар.

пешина
аз 328
навбатӣ