Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дил рабудию қасди ҷон кардӣ,
Расму оини ту зи бар дорам.

Достоне зи ғуссаи ҳама сол
Қиссаи умри ҷоншикар дорам.

Ҷуз ғами ошиқӣ зи бесимӣ
Сад ҳазорон ғами дигар дорам.

Аҳду паймон шикастаӣ ба раҳам,
Сар баровардаӣ, хабар дорам.

Ҳар ғаме, к-аз ту бошадам, ҳаққо,
Эй ду дида, ба дида бардорам!


Дарди дил ҳар замон фузун дорам,
Чи кунам, бевафост дилдорам.

Ҳама бо ман ҷафо кунад, лекин
Ба ҷафо ҳеҷ аз ӯ наозорам.

Бори андӯҳу ранҷи меҳнати ӯ
Бикашам, з-он, ки дӯсташ дорам!

Ёди васлаш кунам, маозаллаҳ,
Кай бувад ин маҳаллу миқдорам!

То тавонам ҳадиси ҳаҷрат кард,
Меравад сад ҳазор бекорам!

Гуфта будам, к-аз ӯ кунам дархост,
То намояд зи дур дидорам.

Ин қадар илтимос худ чи бувад,
Солҳо шуд, ки то дар он корам.

Боварам мекунӣ ба неъмати шоҳ,
К-ин қадар низ ҳам намеёрам.


Ишқат андар миёни ҷон дорам,
Ҷон зи баҳри ту бар миён дорам!

То маро бар сари ҷаҳон дорӣ,
Ба сарат, гар сари ҷаҳон дорам!

Ҷоншикар – ҷоншикор, ҷонситон, ҷонфарсо.

пешина
аз 328
навбатӣ