Мунтахаби девон

Дил боз ба ошиқӣ дарафкандам,
Бардод ба бод аҳду савгандам.
Пайваст ба шавқ то дигарбора,
Бубрид зи хосу ом пайвандам.
Барканд ба дасти ишва аз бехам,
То бехи салоҳу тавба баркандам.
Пандам бидиҳад, ҳамешавад дар сар
Ин бор, ки нек-нек дар бандам.
Чун бастаи банди ошиқӣ бошам,
Кай суд кунад насиҳату пандам?
Аз марҳами васл фориғам, зеро
К-аз ёр ба дарди ҳаҷр хурсандам.
Охир шаби ҳаҷр бигзарад бар ман,
Гар бигзоранд рӯзаке чандам!
Зери бори ғаме гирифторам,
К-андар ӯ дам задан намеёрам.
Умру айшам ба ранҷ мегузарад,
Ман аз ин умру айш безорам!
Дар таманнои як даме беғам
Ҳама шаб то ба рӯз бедорам.
То ғамат мекашад гиребонам,
Доманат чун зи даст бигзорам?
Ҳосили давлати ҷавонии хеш
Домане пур зи обу хун дорам.
Ҳарчанд ба ҷои ту вафо дорам,
Ҳам аз ту таваққуъи ҷафо дорам.
Дар сар зи ту ҳамчунон ҳавас дорам,
Дар дил зи ту ҳамчунон ҳаво дорам.
Таваққуъ – интизор, чашмдошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё