Мунтахаби девон

Аз дилам ҳаргиз напурсад он нигор,
Аз мурооти замон сер омадам!
Гуфтам: «Аз сафро зи ман сер омадӣ?»
Гуфт он кофар, ки «Ҳон, сер омадам!»
Дар дасти ғами ёри дилором бимондам,
Ҳушёртарин мурғаму дар дом бимондам.
Бурдам надаби ишқ зи хубони ҷаҳон ман,
Аз дасти дили сода саранҷом бимондам.
Як гом ба коми дили худкома ниҳодам,
Саргашта ҳама умр дар он гом бимондам.
Оташ задам андар дил, то ҷумла бисӯзад,
Дил сӯхта шуд охиру ман хом бимондам.
Бар боми тамаъ рафтам, то васл бубинам,
Бишкаст қазо пояму бар бом бимондам.
Ёрон ҳама рафтанд зи айёми ҳаводис,
Афсӯс, ки ман дар кафи айём бимондам.
Бад-он азмам, ки дигар раҳ ба майхона камар бандам,
Дил андар васлу ҳаҷри он бути бедодгар бандам.
Ба риндӣ сар барафрозам, ба бода рух барафрӯзам,
Раҳи майхона баргирам, дари томот барбандам.
Чу урён монам аз ҳастӣ, қабоҳои бақо дӯзам,
Чу муфлис гардам аз ҳастӣ, камарҳои базар бандам.
Гарам ёри хароботӣ ба кеши хеш бифребад,
Ба зуннораш, ки дарсоат чу ӯ зуннор дарбандам!
Зи хайру шар чу ҳосил шуд, сар аз гардун баровар худ,
Мани нодон чи маъниро дил андар хайру шар бандам?
Чу кас воқиф намегардад ҳаме бар сирри кори ӯ,
Ҳамин бандам, дил охир, беҳ, ки дар кори дигар бандам!
Томот – ҳазёну лоф; лофи сӯфиён аз «каромоташон» манзур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё