Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кам кун зи сар такаббуру биншин, ки Анварӣ
Дар ишқ чун миёну лабат гашт кам зи кам!


Дардову дареғо, ки дил аз даст бидодам
В-андар ғаму андешаву темор фитодам.

Обе, ки маро назди бузургони ҷаҳон буд,
Хуш-хуш ҳама бар боди ғами ишқи ту додам.

Бо васли ту нобуда ҳанӯзам сару коре,
Сар бар хати бедоду ҷафои ту ниҳодам.

Дил дар сухани зарқи зарандуди ту бастам.
То дар ғами ту хуни дил аз дида кушодам.

Мапсанд, ки бар хок барам дарди фироқат,
Чун дасти ғами ишқи ту бардод ба бодам.

Бо он ки набошӣ нафасе ҷуз ба хилофам,
Ҳаргиз нафасе ҷуз ба ризои ту мабодам!


Бар онам, к-аз ту ҳаргиз барнагардам,
Ба гирди дилбаре дигар нагардам.

Дил андар ишқ бастам в-ар ҳама умр
Ҷафо бинам ҳам, аз ту барнагардам.

Маро ислом мондаст, андар он кӯш,
Ки аз ҳиҷрони ту кофар нагардам.

Чунонам ман зи ҳиҷронат, нигоро,
К-аз ин ғам, то зиям, беҳтар нагардам!


Эй мусулмонон, зи ҷон сер омадам!
Бе нигорам аз ҷаҳон сер омадам!

Гар набудӣ ҷон, кӣ дидӣ ҳаҷри ӯ?
Аз вуҷуди худ аз он сер омадам!

Шодие бояд зи ғам охир маро,
Аз ғами он дилситон сер омадам!

Зарандуд – зарҳалкорӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ