Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фикандам дафтару ҷастам зи томот,
Хароботӣ шудам, соғар гирифтам.

Итоби дӯстон як сӯ гирифтам,
Китоби ошиқиро баргирифтам.

Зи баҳри ишқи ту дар бутпарастӣ
Тариқи Мониву Озар гирифтам.


Эй зулфи тобдори туро сад ҳазор хам
В-эй ҷони ғамгусори маро сад ҳазор ғам.

Холӣ нагардад аз ғами ишқи ту ҷони ман,
То ҳалқаҳои зулфи ту холӣ нашуд зи хам.

Бар орази ту ҳалқаи зулфи ту гӯиё,
К-аз мушк чашмаҳост ба гулбарги тар рақам.

Ё силсила-ст аз шаба бар гирди офтоб,
Ё бехҳои шаб зада бар рӯи субҳдам.

Эй дар хиҷолати руху зулфи ту рӯзу шаб,
В-эй дар ҳимояти лабу чашми ту шаҳду сам.

Эй пушти ман зи ишқи ту чун абруи ту кӯж
В-эй бахти ман зи юмни ту чун чашми ту дижам.

Ҷонам зи ҷазъу лаъли ту пурдарду пуршифост,
Табъам зи рӯю мӯи ту пурнуру пурзалам.

Аз пой то ба сар ҳама банд аст зулфи ту,
З-он рӯй баста дорадам аз фарқ то қадам.

Аз банди ту чи гуна бувад рӯи ҷастанам,
К-он дам, ки аз ту дуртарам, бо туам баҳам.

Дар чашми дил маро ту чунонӣ, ки дил чу хасм
Пайваста дорадам ба висоли ту муттаҳам.

Эй дар дилам хаёли ту шакке беҳ аз яқин
В-эй дар сухан лаби ту вуҷуде кам аз адам.

Томот – лоф, ҳазён, беҳудагапӣ, беҳудакорӣ.
Бех задан – реша давондан.
Сам – заҳр.
Юмн – шарофат, хубӣ.
Дижам – ошуфта, парешон.
Залам – зулмот, торикӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ