Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кас надонад, к-аз ғамат чун сӯхтам,
Хештан дар чӣ бало андӯхтам.

Диданӣ дидам аз он рухсори ту
Ҷон бад-он як диданат бифрӯхтам.

Баркашида ҷомаи шодӣ зи тан
В-аз бало далқе кунун нав дӯхтам.

Ҳар чи дониш буд, гум кардам ҳама,
Дар фироқат заргарӣ омӯхтам.

Зар барандудам бар ин рухсори сим,
Оташ андар кӯраи дил сӯхтам!


Охир дари зуҳду тавба дарбастам
В-аз банди қабули ону ин растам .

Бар пардаи чанг парда бидридам
В-аз бодаи ноб тавба бишкастам…

Чун навбати ҳусн панҷ кард он бут,
Зуннори чаҳоргона барбастам.

Аз рухсати ишқ рахнае ҷустам
В-аз одати модару падар ҷастам.

Чун пои бало ба ҷавр бикшодам,
Бебода мабод як нафас дастам.

Дар буткада гоҳ муъмини габрам,
Дар мастаба гоҳ оқили мастам.

Дастам зи забони хасм кӯтаҳ шуд,
К-имрӯз чунон, ки гӯядам, ҳастам!


Дил аз хубони дигар баргирифтам,
Зи дил нав боз ишқе даргирифтам.

Надонистам, ки асли ошиқӣ чист,
Чу донистам, раҳе дигар гирифтам.

Далқ – либоси фақирона, либоси дарвешон.
Габр – оташпараст, пайрави дини оташпарастӣ.
Мастаба – майкада.

пешина
аз 328
навбатӣ