Мунтахаби девон

Яъламуллаҳ, ки дӯстдори туам,
Ошиқи зори беқарори туам.
Бе ту, эй ҷону дидаи равшан,
Чун сари зулфи тобдори туам.
Дар сари ман хумори андуҳи туст,
То ки бе рӯи чун нигори туам.
Арғувонам чу заъфарон бе дард,
То ки бе чашми пурхумори туам.
Ҳар шабе дар канори ғам ҷастам,
То чаро дур аз канори туам.
Ёри дарду ғамам мадор, ки ман,
Охир, эй моҳрӯй, ёри туам!
Рӯй надорам, ки рӯй аз ту битобам,
З-он ки чу рӯйи ту дар замона наёбам.
Чун ҳама олам хаёли рӯи ту дорад,
Рӯй зи рӯят,бигӯ, чи гуна битобам?
Ҳилагарӣ чун кунам ба ақл, чу гум кард
Ишқ сари риштаи хатову савобам!
Не зи ту битвон бурид, то бишикебам,
Не ба ту битвон расид, то бишитобам.
Ман чу шаб аз меҳнати ту ҳеҷ нахуспам,
Шояд, к-андар хаёли васл бихобам.
Роҳатам аз рӯзгори хеш ҳамин аст,
Ин ки ту донӣ, ки бе ту дар чи азобам!
Гуфтӣ, хоҳам, ки номи ман набарӣ ҳеҷ,
З-он ки аз ин беш нест барги ҷавобам.
Арбада бар маст ҳеҷ хурда нагиранд,
Бо ман аз инҳо макун, ки масту харобам!
Яъламуллаҳ – Худо медонад.
Арбада – ғавғо, ҷанҷол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё