Мунтахаби девон

Ҳар ғаме, к-ояд ба рӯи ман зи ту,
Ҷои он дар сина пайдо кардаам.
Кай фуруд ояд ғамат ҷои дигар,
Чун ман асбобе муҳайё кардаам.
Дар баҳои ҳар ғаме хоҳӣ диле,
В-он гаҳе гӯӣ: муҳобо кардаам.
Баски дар уммеди фардо дар ғамат
Бо дили мискин мадоро кардаам.
Ба ду чашми ту, ки то зиндаам,
Ту Худовандию ман бандаам.
Сари зулфи ту гувоҳи ман аст,
Ки ман аз баҳри рухат зиндаам.
Ба рухи хеш бинозӣ чунон,
Ки ман аз ишқи ту, то зиндаам.
Чи занам ханда, ки дар ишқи ту
Зи дусад гиря бувад хандаам!
То ранги меҳр аз рухи равшан гирифтаам,
Бе ранги ӯ, бубин, ки чи шеван гирифтаам.
Дарёи ман ғизои дили танги ман шудаст,
Дарёи киштие, ки ба сӯзан гирифтаам.
Оҳандило, дилам зи фироқи ту бишканад,
К-ӯро ба дасти сабр дар оҳан гирифтаам.
Як рӯз домани ту бигирам, ки чанд шаб
Дар ту ба ашки хеш ба доман гирифтаам.
То худ маро зи баҳри ту будаст дӯстӣ,
З-он бе ту хештанро душман гирифтаам.
Тарсам, ки ҷони ман ками ман гирад аз ҷаҳон,
К-аз ҷумлаи ҷаҳон ками ҷон ман гирифтаам.
Муҳобо – муҳобот, муболиға.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё