Мунтахаби девон

Диле дорам, ҳамеша ҳамдами ғам,
Ғаме дорам, ҳамеша ҳамдами дил.
Дили олам намедонам яқин, дон,
Аз он афтодаам дар олами дил.
Дилеву сад ҳазорон оҳи хунин,
Зи ҳад бигзашт, алҳақ, мотами дил.
Канори марҳамат ар боз гирӣ,
Ба хирворон фурӯ резам ғами дил!
Маст аз дарам даромад дӯш он маҳи тамом,
Дар бар гирифт чангу ба каф баргирифт ҷом.
Бар рӯзи равшан аз шаби тира фиканд банд
В-аз мушки суда бар гули сурӣ ниҳод дом.
Оҳанг паст кард ба савти ҳазини хеш,
Шаккар ҳаме фишонд зи ёқути лаълфом.
Гуфтӣ, ки лаъли нобу ақиқи гудохта-ст
Дар ҷоми ӯ зи акси рухи ӯ шароби ҷом.
Биншаст бар канори ману бода нӯш кард
Он моҳи сарвқомату он сарви кашхиром.
Гуфт: эй касе, ки дар ҳама умр аз ҷафои чарх
Бо ман шабе ба рӯз наовардаӣ ба ком,
Бо чанг барканор буд андар канори ман
Махмур то ба субҳи сафед аз намози шом.
Дар гӯшае, ки кас набуд огаҳ зи ҳоли мо,
З-он ишрати бағояту з-он мастии тамом.
На соқию на мутрибу на ёру на ҳариф,
Ӯ буду Анварию майи лаъл, вассалом!
Имшаб ману туву майи лаълу суруду рӯд,
Бе заҳмати расулу фиристодани паём!
То ба меҳри ту тавалло кардаам,
Аз ҳама хубон табарро кардаам.
Кашхиром – хиромон, хушхиром.
Табарро – дурӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё