Мунтахаби девон

Дар пеши рухи хубат хуршед наафрӯзад,
Дар пеши саворон хар ҳаргиз бинаронад кас.
Ҳар к-ӯ зи майи васлат як ҷом биошомад,
То зинда бувад, ӯро ҳушёр нахонад кас!
Нигоро, бар сари аҳду вафо бош,
Дар оини накӯаҳдӣ чу мо бош.
Чунон к-аз мо ҷудоӣ, моҳрӯё,
Зи ҳар-ч, он ҷуз вафо бояд, ҷудо бош.
Маро хасм аст дар ишқи ту бисёр,
Наандешам, ту бар хоки ризо бош.
Чу бо ҷонам ғами ту ошно шуд,
Макун бегонагиву ошно бош.
Нигорино, туро бошад ҳама умр,
Худовандӣ куну як дам маро бош!
Дӯш боз он санами бодафурӯш
Шаҳре аз валвала овард ба ҷӯш.
Субҳдам буд, ки мешуд ба вусоқ
Чун парандӯш на беҳуш, на баҳӯш.
Даст баркарда ба шӯхӣ аз ҷайб,
Чодар афканда зи шангӣ бар дӯш.
Доман аз хоб кашон дар наргис,
Доми дилҳо зада аз марзангӯш.
Лолааш з-оташ мепарвинпош,
Зуҳраш аз боди саҳар сунбулпӯш.
Пешкораш қадаҳи бода ба даст,
Ӯ яке чанги хуш андар оғӯш.
Роҳавӣ карда ба амдо парда,
То бувад пардадару парданиюш.
Парандӯш – парершаб.
Шангӣ – зебоӣ.
Марзангӯш – гиёҳе чун райҳон, пӯдина.
Амдо (амдан) – қасдан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё