Мунтахаби девон

Тахтаи ишқ барнавиштам боз,
Барнавис, эй нигор, тахтаи ноз,
То бар устоди ошиқӣ хонем
Рӯзаке чанд боби нозу ниёз.
Варақе боз кун зи аҳди қадим
Боз кун хоки ишва аз сари оз.
Ҳин, ки рӯзу шаби замона ҳаме
Варақи умрамон кунанд фароз.
Чанд гӯӣ, замона дар пеш аст,
Бар вафои замона ҳеҷ маноз!
Қисса кӯтоҳ кун, ки кӯтаҳ кард
Рӯзи уммед интизори дароз.
Қиёмат мекунӣ, эй кофар, имрӯз,
Надонам, то чи дорӣ дар сар имрӯз.
Ба таъна заҳр пошидӣ ҳаме дӣ,
Ба ханда мефишонӣ шаккар имрӯз.
Ду ҳорути ту гар дӣ буд ҷонбар,
Ду ёқути ту шуд ҷонпарвар имрӯз.
Лабат то даст гирад ошиқонро,
Бурун омад ба дасте дигар имрӯз.
Туӣ султони бутрӯён, ки дар ҳусн
Надорад чун ту султон Санҷар имрӯз.
Ба ҳаққи он, ки дод, эй бут, ҷамолат,
Ба ҳоли банда як дам бингар имрӯз!
Ҷоно, ба ғарибистон чандин бинамонад кас,
Бозой, ки дар ғурбат қадри ту надонад кас.
Сад нома фиристодам, як номаи ту н-омад,
Гӯӣ, хабари ошиқ ҳаргиз нарасонад кас.
Ҳорут – соҳир; дар ин ҷо – ба маънии чашм.
Ёқут – лаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё