Мунтахаби девон

Маро гӯӣ, чунин ҳам нест, охир,
Чунон, к-ат дил ҳамехоҳад, чунон гир!
Ман, инак, дар миёни корам, эй дил,
Сару коре ҳамебинӣ, карон гир!
Дари он мезанӣ, к-аз ғам шавӣ хун,
Бирав, ҳам офиятро остон гир!
Ба бӯи васл худ рангаш набинӣ,
Ба ҳурмат ҷони ҳиҷрон дар миён гир!
Эй ҷаҳонро ба ҳазрати ту ниёз,
Дари ҷоҳи ту то қиёмат боз.
Даргаҳат қиблае, ки бар кеҳу меҳ
Хидмати ӯ фариза шуд чу намоз.
Гиреҳи абруи сиёсати ту
Оштӣ дода кабкро бо боз.
Назари раҳмату риояти ту
Эминӣ дода озро зи ниёз.
Дар завоёи сояи адлат
Фитна дар хоб карда пой дароз.
Гар ҷаҳонро бувад зи ҳаҷми ту садд,
Марг ҳайрон зи даҳр гардад боз
В-ар фалакро бувад зи ройи ту меҳр,
Дари шаб то абад кунанд фароз.
Он ҳақиқат камоли туст, ки нест
Осмонро дар ӯ маҳолу маҷоз
В-он саодат вуҷуди туст, ки нест
Ҳадасонро бар ӯ умеди ҷавоз.
Эй зи ҷоҳат шаби ситам дар санг,
Хуррамат бод рӯзи сангандоз!
Фариза – фарз, фармуда, ҳатмӣ.
Ҳадасон – тасодуф, рухдоди тасодуфӣ.
Ҷавоз – иҷозат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё