Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маншуре нест даври меҳнатро,
Чун ёбад давлати давом охир!


Эй шуда аз рухи ту тоб Қамар
В-эй шуда аз лаби ту об шакар.

Аз руху зулфи хеш дар олам
Фитнае дарфикандӣ, эй дилбар.

Чеҳра пинҳон макун, ки дар хубӣ
Чун ту соҳибҷамол нест дигар.

Ошиқони туро бад-ин уммед,
То бубинандат, эй парипайкар,

Дар ҳавои ту мондаанд бадард,
Чеҳра пурхуну сина пурахгар.

Нест чун Анварӣ яке ошиқ
Бо лаби хушку бо ду дидаи тар.


Эй писар, бардаи қаландар гир,
Парда аз рӯи корҳо баргир.

Куфру ислом кори кас накунад,
Ошён з-ин ду шох бартар гир.

Ин ду маъшуқаи ду қавм шудаст,
Ту бирав, мазҳаби се дигар гир.

Пой дар банди ону ин чи кунӣ,
Худсаре бошу кор аз сар гир.

Раҳбарони ту раҳзанони туанд,
Камтар ин мушти аҳмақи хар гир!

Пеш, к-ин раҳбарон раҳат бизананд,
Роҳи бутхонаҳои Озар гир!


Дило, дар ошиқӣ ҷоне зиён гир,
Вагарна ҷои бозӣ нест, ҷон гир!

Ҷаҳони ошиқӣ поён надорад,
Агар ҷонат ҳамебояд, ҷаҳон гир!

пешина
аз 328
навбатӣ