Мунтахаби девон

Ҷавоби саломи раҳӣ боздеҳ,
Салому алайк, эй ҷафопеша ёр!
Эй ғами ту ҷисмро ҷоне дигар,
Ҷон наёбад чун ту ҷононе дигар.
Эй ба зулфи кофари ту ақлро
Ҳар замоне тоза имоне дигар
В-эй зи тири ғамзаи ту рӯҳро
Ҳар дам андар дида пайконе дигар.
Нест бар исботи Яздон назди ақл
Аз ту беҳтар ҳеҷ бурҳоне дигар.
Гар бубинад рӯи хубат Аҳриман,
Бегумон гӯяд, ки Яздоне дигар!
Эй фурӯ бурда ба васлат аз тамаъ
Ҳар диле беҳуда дандоне дигар
В-эй бароварда зи ишқат дар ҳавас
Ҳар касе сар аз гиребоне дигар,
Нест бемори ғами ишқи туро
Беҳтар аз дарди ту дармоне дигар.
Дил ба фармонат ба тарки ҷон бигуфт:
Эй беҳ аз ҷон, ҳаст фармоне дигар?!
Дилдор ба табъ гашт ром охир
В-ин кор ба сабр шуд тамом охир.
Он курраи саркашидаи тавсан
Бе роиз гашт хушлагом охир
В-он мурғи рамида в-азқафасҷаста
Боз омад чун дилам ба дом охир.
Ҳар кас, ки ба сабр пой бифшорад,
Рӯзе бирасад чу ман ба ком охир.
Курра – той, тойча.
Тавсан – аспи саркаш, ромнашуда.
Роиз – ромкунандаи савориҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё