Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соқиё, бодаи сабӯҳ биёр!
Донаи доми ҳар футӯҳ биёр!

Қиблаи миллати Масеҳ бидеҳ,
Офати тавбаи Насӯҳ биёр!

Ҳин, ки тӯфони ғам ҷаҳон бигрифт,
Майи ҳамзоди умри Нӯҳ биёр!

В-аз пайи нафйи ақлу роҳати рӯҳ
Роҳи софӣ чу ақлу рӯҳ биёр!

Дилам аз шеъри Анварӣ бигрифт,
Эй писар, қавли Булфутӯҳ биёр!


Ҳеҷ донӣ, ки сари суҳбати мо дорад ёр?
Сари пайванд чу ман боз фуруд орад ёр?

Кошкӣ ҳеҷ касе з-ӯ хабаре медиҳадӣ,
То аз ин воқеа худ ҳеҷ хабар дорад ёр?

Ту бубинӣ, ки маро ишвадеҳон хандоханд
Солҳо зор бигирёнаду бигзорад ёр?

Ёрат ар ҷавр кунад, худ чи кунад, чун ба итоб
Хун бирезад, ки ҳаме мӯй наозорад ёр.

Анварӣ, ҷони ҷаҳон гиру кам ангор диле,
Пеш аз он, к-ат ба ҳамин рӯз кам ангорад ёр.


Салому алайк, эй ҷафопеша ёр,
Куҷоиву чун дорӣ аҳволи кор?

Агар бахт бо ман мухолиф шудаст,
Ту бо вай мувофиқ машав зинҳор!

Чи гӯям, маро бо ғами ту хуш аст,
Ки ҷуз ғам надорам зи ту ёдгор.

Хатое, ки кардам, ба ман бармагир,
Ҷафое, ки кардам, зи ман даргузор.

Сабӯҳ – субҳ, пагоҳӣ.
Насӯҳ – насиҳаткунанда; шахсе, ки рамзи тавбаи қатъӣ шудааст.
Нафй – инкор; тарк.

пешина
аз 328
навбатӣ