Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин пас вафо расм ҳаргиз маё, гӯ,
Чу дар навбати ишқи мо менаояд.

Хуш он, к-ам ту гӯӣ бирав, аз пайи ту
Касе менаояд, чаро менаояд?

Ғами ту каси тусту ҳаргиз набинӣ,
Ки пайдарпайам дар қафо менаояд.

Бисоз, Анварӣ, бо бало, к-аз ҳаводис
Бар озодагон ҷуз бало менаояд!


Тоқатам дар фироқи ту бирасид,
Сабр якборагӣ зи ман бирамид.

То гирифтори ишқ шуд ҷонам,
Бар дилам боди хуррамӣ навазид.

Чарх бар рӯзномаи умрам,
Ҳама, гӯӣ, нишони ҳаҷр кашид.

Ақл кӯшид бо ғамат якчанд,
Оқибат ҳам тариқи аҷз гузид!


Ғорати ишқат ба дилу ҷон расид,
Об зи доман ба гиребон расид.

Ҷону диле доштам аз чизҳо,
Навбати он низ ба поён расид.

Гуфтам, ҷоне ба сар ояд маро,
Ишқи ту охир ба сари он расид.

Бо ту чи созам, ки чу афғон кунам
З-он чи ба ман дар ғами ҳиҷрон расид,

Бишнавӣ афғонаму гӯӣ ба танз:
Кори фулон зуд ба афғон расид.

Руқъаи дардам зи ту бечоравор
Нимшабон дӯш ба Кайвон расид.

Гар ту туӣ, зуд, ки хоҳанд гуфт:
«Сӯзи фулон дар тани баҳмон расид!»

Руқъа – нома; шикоят.

пешина
аз 328
навбатӣ