Мунтахаби девон

Аз нозукӣ, ки ранги рухи ёр менамояд,
Гул бо ҳама латофати ӯ хор менамояд.
В-он ҷо, ки сояи сари зулфаш рухаш бипӯшад,
Рӯз офтоб бар сари девор менамояд.
Доии ишқи ӯ чу ба бозори дин барояд,
Саҷҷодаҳо ба сурати зуннор менамояд.
Дар боғи рӯзгор зи бедоди наргиси ӯ
То шохи наргисе ба масал дор менамояд.
Фардои ваъдаҳош чунон рӯзгор хоҳад,
К-имсол бо баҳонаи ӯ пор менамояд.
Гуфтам, ки бӯса, гуфт, ки зар, гуфтамаш, ки ҷон,
Гуфт: ин забун нигар, ки харидор менамояд!
Гуфтам, ки ҷон беҳ аз зар, гуфто, ки гар чунин аст,
З-онам аз ин матоъ ба хирвор менамояд.
Тадбир чи, ки ҳар ки ба гетӣ ба коре омад,
Дар кори ӯ фурӯ шуду ҳам кор менамояд.
З-ин сон ки мондаанд, киро кор аз ӯ барояд,
Чун кори Анварӣ зи ғамаш зор менамояд.
Чу коре зи ёрам ҳаме барнаояд,
Чу нуре ба корам ҳаме дарнаояд,
Чи бошад, ки ман дар ғами ӯ сароям,
Чу бар ман ғами ӯ ҳаме сар наояд.
Валекин ҳамин ғам беҳ, охир, ки бо ин
Ҳаме ҳеҷ шодӣ баробар наояд.
Маро, к-аз дари дил дарояд ғами ӯ,
Зи сад шодии дигар он дарнаояд.
Ба пайғомаш аз ҳоли худ бозгӯям,
К-аш аз ман наояд, ки бовар наояд.
Ҷавобам фиристад, к-аз ин мечи ҷӯӣ,
Агар боварам ояду гар наояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё