Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар ҳаҷр навис, Анварӣ, корат,
Чун кор-т ба ҷаҳд барнамеояд!


Ё васли туро инояте бояд,
Ё ҳаҷри туро ниҳояте бояд.

Сад сураи ҳаҷр мефурӯхонӣ,
Дар шаъни висол ояте бояд.

Дил умр ба ишқ медиҳад ришват,
Охир зи ту дар ҳимояте бояд.

Бӯсе надиҳӣ в-агар тамаъ дорам,
Гӯӣ, ба баҳо вилояте бояд!

Алҳақ, беҳ аз ин баҳо бинатвон ҷуст,
Дар ҳар коре кифояте бояд!

Охир, зи ту дар ҷаҳон пас аз умре
Ҷуз ҷавру ҷафо ҳикояте бояд!

В-он гаҳ зи манат чи айб меҷӯӣ,
Ҷуз меҳру вафо шикояте бояд.

Дар хуни мане чаро наандешӣ,
К-ин дилшударо ҷинояте бояд!


Зи умрам бе ту дарди дил физояд,
Гар ин умрам набошад бе ту, шояд.

Диламро дарди ту мебояду бас,
Аҷаб, к-ӯро ҳаме роҳат наояд.

Маро ин ғам, ки ҳаргиз кам мабодо,
Биҳамдиллаҳ, ки ҳар дам мефизояд.

Ба дасти ҳаҷри хешам боздодӣ,
Ки то ҳар дам маро ранҷе намояд.

Агар лофе задам, к-они туам ман,
Бад-ин ҷурмам чи молиш воҷиб ояд?!

Молиш – гӯшмол, маҷозан ҷазо.

пешина
аз 328
навбатӣ