Мунтахаби девон

Гар дар ҳама умр гӯям, эй васл,
Ҳиҷрон-т зи бому дар дарояд.
З-он то зи ту барнаёядам ком,
Кори ду ҷаҳон ба ҳам барояд.
Таслим кун, Анварӣ, ки ин нақш
Ҳар бор ба шакли дигар ояд!
Сабр бо ишқ бас намеояд,
Ёр фарёдрас намеояд.
Дил зи коре, ки пеш менаравад,
Қадаме бозпас намеояд.
Ишқ бо офият наомезад,
Нафасе ҳамнафас намеояд.
Беғамӣ хуш вилоят аст, валек
Зери фармони кас намеояд.
Дод дар корвони хурсандист,
З-он хурӯши ҷарас намеояд.
Гӯӣ, аз ҷон-т мебарояд пой,
Чи ҳадис аст, бас намеояд?
Дарди сари дил ба сар намеояд,
Пой аз гили ишқ барнамеояд.
Оваҳ, умрам бараҳна берун шуд,
В-ин бахт зи рахна дарнамеояд.
Гуфтам, шаби айшро бувад рӯзе,
Ин рафт в-аз он хабар намеояд.
Дил, хонафурӯш, ному нангам зад,
Дилбар зи тутуқ ба дар намеояд!
Аз ҳарчи кунад, хиҷил намегардад
В-аз ҳарчи кунӣ, батар намеояд…
Парканда шудам в-аз ошёни ӯ
Як мурғи вафо бапар намеояд.
Тутуқ – парда, чодар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё